БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тараннуми ҳунарҳои мадумӣ дар деҳот

ВАХШ. Дар деҳаи Тоҷикистони ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши нигораҳои ҳунармандони деҳа доир карда шуд.

Дар чорбинии мазкур занону духтарони  деҳа  ҳунарҳои  дастии худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияиҲХДТ дар ноҳия Сайёра Мардонова ба сухан баромада,  иброз намуд, ки ба хотири боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон соли 2018- ро дар кишвар ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Дар воқеъ сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Мардуми Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини  соҳибмаърифату  меҳмоннавоз аст.

Дар охири чорабинӣ иштирокчиён ин иқдоми неки ояндасозро ҳамаҷониба дасгирӣ намуда, барои аз нав эҳё кардани ҳунарҳои қадимаи миллӣ ибрози андеша карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg