ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали вохӯриву суҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии КДФ «ХМК» дар ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар мавзӯъи баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирии воридшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Хуҷаев Саидаҳмад баргузор гашт.
Зимнан Хуҷаев Сайдаҳмад дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба ВМКБ ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” , моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими таърихӣ андешаронӣ намуд.
Инчунин, дар идома мавсуф дар бораи озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ибрози андеша карда, ҳамагонро барои бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин истиқболи ҷашнҳои таърихии дарпешистодаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.