БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон барои роҳандозии Аксияи ҳизбӣ омода мебошанд

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади амалӣ гардонидани ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба ҳарчи бештар вусъат бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал дар асоси ҷадвали баргузории  вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Зангибобои  ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинон  баргузор гардид.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ ҳунармандону кишоварзони  маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ташкил  карда  шуд, ки аз ин намоишгоҳ ҳамагон дидан карда, ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва раиси ҷамоати номбурда Асоев Ҳабибулло ба ташкилкунандагони  намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҷамъомадагонро барои роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки барои беҳбудии рӯзгори  сокинон ва ободии Ватан нигаронида шудааст, даъват карданд.

Сипас, дар деҳаи Зангибобо бо пешниҳоди  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  ташкилоти нави ибтидоии ҳизбӣ  таъсис дода шуда, раиси он Тоиров Фарҳод интихоб карда шуд.                                             

                                                                                                                                                                                                                                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg