БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизматрасонии сифатноки тиббӣ ва такмили низоми идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ вазифаи кормандони соҳа мебошад

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи нақшаи  кории  Кумитаи  иҷроия  ҲХДТ дар ноҳияи  Носири  Хусрав дар  ташкилоти  ибтидоии  “КАТС” -и ноҳия хониши  сиёсӣ  дар  мавзӯъи “Баланд  бардоштани  маърифат ва  масъулияти шаҳрвандон  бо  мақсади пешгирӣ  аз  паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ”  баргузор гардид.

Хониши  сиёсиро  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  Алиева  Сураё оғоз  намуда, мақсади  вохӯриро  фаҳмонида  қайд  намуд, ки Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон таъкид менамоянд, “Ҳамаи  мо  вазифадорем  пеш аз  ҳама  худамон намунаи  нангу номуси  ватандорӣ бошем, мардуми  кишварро  ба  ободу пешрафта гардонидани сарзамини  аҷдодӣ  ҳидоят кунем, пеши  роҳи  бегонапарастӣ ва хиёнатро ба  манфиатҳои  миллат ва давлати Тоҷикистон  гирем, воло  будани  манфиатҳои  миллӣ ва  давлатиро пайваста  эҳсос  карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва  ватандӯсту ватанпарвар  бошем”.

Баъдан   мудири  шуъбаи  таблиғот,  иттилоот  ва  матбуоти  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Муродов  Раҳмон  атрофи нуктаҳои  асосии  Паёми Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар бораи ҳифзи солимии ҷомеа андешаронӣ карда,   қайд  намуд, ки  солимии  миллат  пояндагии   онро  таъмин  менамояд ва  бо  мақсади  дастгирии  мардум ва  хизматрасонии  сифатноки  тиббӣ  такмили  низоми  идоракунии  соҳаи  тандурустиро муҳим  шуморида, ҷорӣ  намудани  рақобати  солим, ташаккули  низоми  муосири  хизматрасонӣ бо  истифода аз  технологияҳои замонавӣ ва  тайёр  кардани  мутахассисони  соҳибкасби соҳа  иқдомоти  зарурӣ  мебошад.

Дар охир масъулин ба саволу  дархостҳои иштирокдорон  ҷавобҳои  саҳеҳ гардониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg