ЛЕВАКАНТ. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии хизбии КМС «Нури Рушд» доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Назарова Фароғат, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Валиев Суҳроб иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» расонидани кӯмакҳои моддӣ ба оилҳхои ниёзманди ҷомеа, маюбон ва бепарасторон, обод кардани маҳали зист, сохтмони биноҳои хизматрасонӣ, ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша намуданд.
Инчунин, масъулин дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, огоҳонидани сокинон аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуда, ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.