ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша- чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева ва корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Манучеҳри Хуршед дар ташкилоти ибтидоии «Маркази Ситора» хониши сиёсӣ доир гардид.
Масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таҳти ҳимоя ва сарпарастии давлату ҲХДТ қарор доранд.
Чунончӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш таъкид намуданд, ки «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кўдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои ниёзманди ҷомеа ва хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷчуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳоро амалӣ намуда истодаем».
Воқеан Пешвои миллат намунаи олии хирадмандиву ғамхории падарона ба қишри ба таваҷчуҳ ниёздоштаи ҷомеа мебошанд. Зеро бо дароз намудани дасти мадад ба онҳо дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ ва расонидани кўмак ба оилаҳои ин гуна ашхос ба дигарон дарси ҷавонмардиву ҳимматбаландӣ ва саховату дасткушодагӣ медиҳанд.
Ҳар яки мо низ вазифадорем бо меҳру муҳаббати хоса ба нигоҳубину парасторӣ ва таълиму тарбияи маъюбону ятимон саҳмгузор бошем, то ҳар яки онҳо худро озод ҳис намуда, нерӯи зеҳниву ҷисмонии хешро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва рушду ободии Ватани азизи худ сафарбар намоянд.