БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сулҳу ваҳдат нумӯъбахши кишвари мост!

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ваҳдат» -и шаҳри Левакант чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ  дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида баСоли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷаъфар чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсади баргузории вохӯриву чорабиниҳои фарҳангӣ ин таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ, арҷ гузоштан ба дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар, дар амал татбиқ намудани интизориҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сафарбар намудани сокинони маҳал дар ҳалли масъалаҳои созандагию бунёдкорӣ, инчунин ҷалби онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ иборат мебошад.

Ҷойи ифтихор ва шукургузорист, ки баъд аз ҳазор сол мо дигарбора соҳибватану соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат аз ин имтиҳони таърихӣ моро зарур аст дар ҳимояи Ватан ва ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлолиятӣ давлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем. Бояд дар хотир дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ аз ин арзиш вобастагии калон дошта, ҳар яки моро водор месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад. Бояд гуфт, ки ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз меёбад ва ин амал рисолати мо ба ҳисоб меравад.

Пас аз суханрониҳои судманд масъулин аз намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҳунармандони завқманди маҳалла ба намоиш гузошта буданд, дидан карда, ба ҳунару маҳорати волои ҳунармандони чирадасту хушсалиқа баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg