БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мунтазам идома додани мулоқотҳо омили асосии пешгирикунанда аз бемории АНМО/ВНМО мебошад

КЎЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заршедабону” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Зимни чорабинӣ Валиева Саъбагул раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заршедабону” Абдуқаюмова Қаламниссо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки бо вуҷуди созандагию пешравиҳои мамлакат, имрӯзҳо дар байни ҷомеаи мо мушкилиҳое ҳастанд, ки роҳи ҳалли он ба ҷомеаи кунунӣ вобастагӣ дорад. Чунин мушкилоте, ки имрӯз мавҷуд аст, ин ҳам бошад, зиёд гардидани бемории АНМО/ВНМО аст. Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки ин бемории марговар асосан бо се роҳ ба организми инсон ворид мегардад, ҳангоми алоқаи ҷинсии бе муҳофизат, аз модари бемор ба кўдак, аз хуни сироятшуда ва боз омилҳое ҳастанд, ки эҳтимоли сироятёбии мардум хеле зиёд мебошанд. Масалан дар баъзе аз сартарошхонаҳо зимни тоза кардани мӯйлаб ва риш, ки ҳатто оддитарин талаботҳои санитарӣ риоя намегардад ва боз чандин мисоли дигар овардан мумкинаст, ки ҳамаи ин омилҳо аз маданияту ахлоқи ҳар як шахс вобастагии хеле зиёд дорад.

Дар фарҷом гуфта шуд, ки дар сурати гузаронидани суҳбату вохӯриҳо доир ба ин масъалаи муҳим, мунтазам идома додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум аз ҷониби фаъолони ҷомеа, хусусан, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мо метавонем суръати паҳншавии ин ваборо коҳиш диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg