БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбиӣ “ДЭУ”-и ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаву маҳалаҳои ноҳияи Балҷувон аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Сараввал мудири шуъбаи табилоғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсиву фарҳангии мардум, алалхусус ҷавонону наврасон, дар замири онҳо ҷой намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, гиромӣ доштани арзишҳои милливу фарҳангии Ватан- Тоҷикистон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав- терроризму экстремизм ва маҳкум намудани амали ноҷавонмардонаи як гурӯҳ ҷавонон дар хусуси ба ҳалокат расидани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, тарбияи дурусти ҷавонон даъват кард.