БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нест бод, Кабирии зархариди хориҷиён ва хоини беватан

ВОКУНИШ. Барои Кабирӣ ва пайравонаш ба доми фиреб афтонидани ҷавонон кори саҳл метобад, вале дар амал ҷавонони имруза ба мисли ҷавонони солҳои 90-уми асри гузашта гулу гумроҳ нестанд, ки зуд аз домони фиреб даст гиранд. Оре, имрўзҳо Кабирии лаъини беватан, зархариди хориҷиён аз амалҳои кардааш шарм надошта, боз садо баланд мекунад. Кабирии лаъинро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳаргиз нахоҳанд бахшид. Мо мардуми кишвари соҳибистиқлол дар шароити хеле мусоид ба кору фаъолият дорему пайваста аз Пешвои миллат ифтихор мекунем. Инчунин, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлоли кишварамон ҳамеша меболем ва шукргузор аз он ҳастем, ки имрӯз дар фазои орому осуда умр ба сар мебарем.

  • созмони нав, ки зери роҳбарии Кабирии разил ба роҳ монда шуд, бори дигар аз хиёнатҳои навбатии наҳзат ва хоҷагонаш шаҳодат медиҳад.

Шумо — хоинони миллат ва зархаридони хоҷагони хориҷӣ бо таъсис додани ҳазорон анҷуману ҳизбу созмони ифротиатон моро гумроҳ карда наметавонед, зеро мо кайҳо роҳи худро интихоб кардем!

Роҳбарияти фирории ТТЭ ҲНИ бо маслиҳати хоҷагони худ талош мекунанд, ки ҳамроҳ бо намояндагони ташкилотҳои сунъии худсохтаи наҳзатӣ баъзе ҳадафҳои нопокашонро оид ба бадномсозии давлату мардуми Тоҷикистон амалӣ намоянд.

Наҳзатиён ҳамон ҳилаи қадимаи худро ба кор бурданӣ шуда, ташкилоти сунъиеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» эълон намуданд. Вақте тоҷикони бурунмарзӣ аз моҳияти террористӣ ва собиқаи паймоншикании ТТЭ ҲНИ ба эътилоф бо ин ҳизб розӣ нашуданд, роҳбарияти наҳзат аз ҳисоби аъзо ва муздуронашон чанд «ташкилот»-и нав сохта, сипас худ бо худ «эътилоф» ташкил карданд. Мардум алакай медонанд, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ буда, ин ном бо мақсади пӯшонидани ниқоби нав ба ин ташкилот эҷод шудааст. Мазмуни суханрониҳои намояндагонашон нишон дод, ки онҳо ягон ҳарфи ҷиддии гуфтанӣ ва сухани нав надоранд. Дар ҷаласа раиси ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ба таври расмӣ эътироф кард, ки ҳизби наҳзати исломӣ дар асл давомдиҳандаи кори ҳаракати босмачигарии солҳои 20-уму 30-юми асри гузашта мебошад. Ў ҳаракатҳои мухолифини таърихиро классификатсия намуда, таъкид кард, ки наҳзатиён насли дуюми босмачиён буда, кору ормонҳои онҳоро давом медиҳанд. Ҳамон вақт ҳаракати босмачигарӣ аз тарафи қувваҳои муссаллаҳи шўравӣ несту нобуд карда шуда, тоҷикистон аз босмачигарӣ тоза карда шуд. Оқибати Кабирӣ ва пайравонаш  низ ҳамин тавр мешавад.

Дар ниҳоят, ба террористони наҳзатӣ тавсия дода мешавад, ки агар чашми хирад дошта бошед, бояд дарк намоед, ки “давраи аврупоии шумоён” ба охир расида истодааст.

Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ муҳайё шавад, сатҳи муайяни шуурнокии сиёсӣ инкишоф ёфта, доираи ҳуқуқу озодиҳои онҳо зиёд мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро барои рушди ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ муҳайё намудааст, ки аз ин мо - шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Мардуми кишвари азизи мо аз рӯзҳои аввали Истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт.

Ҷомеаи имрӯзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд.

 

Камолов Сайъазам- узви Гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg