ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон дар деҳаи Ҳилолӣ 2-и ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвиятиробитабо маҳал ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Зимнан Саидзода Раҳмон Азим оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба танзим даровардани сару либоси миллӣ ва татбиқи Аксияитарғиботӣ-амалӣ ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуд.
Инчунин,мавсуф дар идомаи суҳбат доир ба озмунҳои ҳизбӣ “Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал”, “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, “Тарроҳи беҳтарин”, “Армуғони хатлонӣ” андешаронӣ карда, ҳунармандони хушзавқу чирадастробарои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъватнамуд.