БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дигар мардуми тоҷик фирефтаи суханони бардуруғи наҳзатиён намешаванд!

ВОКУНИШ. Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ ба бахти сокинони Тоҷикистон фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро ба ҳайси Сарвари давлат интихоб намуд, ки роҳбарони пуртаҷрибаи онвақта вазъи он рузҳоро ба эътидол оварда натавонистанд. Аввалин коре, ки Пешвои муаззами мо шуруъ карданд, ба ватан баргардонидани гурезаҳо, ба сулҳу ваҳдат ва оштӣ даъват намудани мухолифин ва авфи гуноҳҳо буд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди ба муваффақиятҳо, дастовардҳои беназир ноил шудани ватани азизи мо мебошанд. Чӣ қадар роҳҳои байналмиллали, нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ, сохтмони хатҳои пуршиддати барқи, мактабу муассисаҳои фарҳангӣ сохта шуданд. Ободу зебо гаштани ҳар гушаю канори Тоҷикистон натиҷаи хизматҳои шабонарузии Пешвои муаззами мо ва халқи тоҷик мебошад.

Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, боз баъзе сокинони курнамаки ин ватан аз дуриҳои дур ба хизматҳои шоёни ин марди Худодод шукр накарда, суханони бардуруғ бофта, обруи халқи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқи паст задан мехоханд. Онҳо ба нияти нопоки худ намерасанд, чунки дар инҷо онҳоро аллакай ҳамчун террорист, иғвогар, исёнкор медонанду мешиносанд. Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аст, ки мегуяд: “Терроризм ва экстеремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии чидди буда, аз чониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳони ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Мо бояд шукрона кунем, ки бо ҷонфидоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар натиҷаи кушишҳои зиёд санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи кишвари мо санади ҳаётан муҳим ба имзо расид, ки ин ҳама пешравиҳои имруза меваи он аст. Пешвои муаззами миллат он рузҳо ба хотири сулҳу субот дар кишвар ба ҳама талабу шартҳои мухолифин, тақсимоти мансабҳои давлати ба мисоли 30 фоиз ҷой доштани онҳо дар ҳайати Ҳукумат ризо шуд, ки дар Тоҷикистон бинои сулҳу ваҳдат гузошта шавад. Бо гузашти солҳо мо боз шоҳиди иғвоангезии гуруҳҳои ҷудоихоҳ ки бори дигар мехоҳанд, ки кишвари моро бо дасисабозиҳои худ нотинҷу ноором кунанд, гардидем. Дигар мардуми тоҷик фирефтаи суханони бардуруғи онҳо намешаванд. Ташкилоти террористии ҲНИ пас аз мағлубият дар интихоботи парлумони соли 2015 маротибаи дуюм ба барангехтани низоъ ва ноором кардани фазои сиёсии Тоҷикистон даст зад. Аъзои ин созмони террористи диданд, ки ин навбат ҳам аз бовари ва эътиқоди мардум берун рафтанд, ба барангехтани кинаву адоват ва ба дасисабозиҳои навбати сар кардаанд. Имруз халқи Тоҷикистон хуб медонанд, ки паси ин дасисабозиҳо ниятҳои нопоки шахсони ғараздор ниҳон аст.

Имрузҳо баъди намоишҳои зиёди телевизиони мардум ба ҳайрат мемонанд, ки бозиҳои пасипардагии онҳо бо кадом мақсад будаанд, онҳо ба қатлу куштори одамони бегуноҳ, ҳатто ҳодимони бароманди илмию сиёси ва фарҳанги даст доштаанду имруз худро “мусичаи бегуноҳ” медонанду боз даъвои ба асос менамоянд. Баёнияе, ки онҳо дар шаҳри Варшова (Лаҳистон)  қабул карданд, комилан нодуруст, бардуруғ, иғвоангез ва туҳматнок мебошад. Онҳо дар ибтидои ин баёния худро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифи кардаанд, вале дар асл душманони ин миллат ва муқобили арзишҳои миллии моянд. Модари тоҷик дар тули таърих фарзандони ватандусту ватанпавар ба дунё овардаанд, на иғвогару дасисабоз, онҳо худро ҳуқуқи маънавии фарзанди тоҷик гуфтан надоранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо мардуми Тоҷикистон фирефтаи ягон шахсони иғвогар намешавем, сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро пурра ҷонибдори намуда дар атрофи у муттаҳид мешавем.  

Шарофов Ҳомидҷон-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз             

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg