БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо пайравӣ аз Пешвои миллат ба фаъолияти ғаразноки хоинони миллат хотима мебахшем!

ВОКУНИШ. Баъди ба Истиқлолият расидан, дар таърихи мо раванди нав сар шуд ва гуруҳҳои муайян мехостанд ин равандро ба нафъи худ истифода баранд. Дар ин лаҳза дар ҷомеа ду идеология байни худ дар ҳолати зиддият қарор дошт. Якеаш 26 март то 17 майи соли 1992 митинги фавқулодаро дар майдони Шаҳидон ташкил намуд, ки вай дар зери шиорҳои сиёсии зидди ҳукумат ва дастгирии ба ном демократия мегузашт. Ҷавобан бар ин моҳи майи соли 1992 дар майдони Озодӣ митинг барпо гардид, ки иштирокчиёни он мавқеи ҳокимияти конститутсиониро дастгири менамуданд. Ҳамин бархӯрди идеологи боис шуд, ки дар ҷомеа ҷанги шаҳрванди сар занад. Мамлакат ба 2 қисм ба ду гуруҳ ҷудо шуда буд. Дар сари гуруҳи ба ном неруҳои демократӣ  ҳизби террористии наҳзати исломӣ меистод, ки ба он М.Ҳимматзода ва С.Нурӣ роҳбарӣ  мекарданд. Ба қувваҳои оппозитсионии тоҷик Саид Қиёмиддини Ғози роҳбарӣ менамуд.

Шахсоне, ки ҳокимиятро бо роҳи ғайридемократӣ ва зӯри соҳиб шудан мехостанд, сабагори дар ҷумҳури сар задани ҷанги шаҳрванди шуда, бо амалҳои хоинонаву кутоҳандешонаашон боиси харобии мамлакат ва куштори ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ гардиданд.

Акнун сарвари сиёсии кордон ва корозмудае лозим буд, ки барои барқарор намудани сохти конститутсиони роҳбариро ба зима гирад. Чунин сарвар, ки вазъи сиёси ва низомиро бояд идора карда масъуляти таърихиро ба дӯш мегирифт  Эмомали Раҳмон буд. Ӯ бо роҳи демократи ва қонуни дар Иҷлосияи 16-уми   Шурои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди қувваҳои солими ҷомеа   дар дохили Ҷумҳури ва берун аз он 27 июни соли 1997 дар ш. Москов Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризоияти  милли дар Тоҷикистон бо имзоҳои  қабул гардид, ки зери он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон,  роҳбари мухолифини собиқ С.А.Нурӣ ва намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Г.Д.Меррем имзо гузоштанд.

Баъди  аз нав ба қайд гирифтани Ҳизби Наҳзати Исломи нафароне буданд, ки аз мақоми ишғолнамудаи худ дар ҷомеа суистифода,  намуда бо фатвову амрҳои зери ниқоби ислом мардуми хушбовару эътиқодманди моро барои пиёда намудани нақшаҳои аҳриманию хоинонаи худ ва хоҷагони хориҷиашон роҳнамои  намуданд.

Мо бо аҳли ҷомеа, аз он ҷумла омӯзгорон, табибон ва қишрҳои дигар  филми «Решаҳои ноаён»-ро тамошо намуда, бо нақшаю мақсадҳои пасипардагии роҳбарони ҲЭТ НИТ аз наздик ошно шудем. Фаҳмидем, ки онҳо дар пайи ободиву шукуфоии Ҷумҳурии азизамон  набуда, бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро бори дигар ба хоку хун кашида мазҳабу равияҳои дигарро ба сари мардуми мо иҷборан бор намоянд.    Ҳоло мардуми мо бо ҳидояту роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон барои пойдории сулҳу субот дар саросари мамлакат пайваста талош варзида, неъматҳои бебаҳо - Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро пос медоранду қадршиноси менамоянд.

 

    Д. Гурезов – узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз                        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg