ВОКУНИШ. Хабари дар Варшава гирд омадани гуруҳҳои опозитсиони ва таъсис додану ба қайд гирифтани иттиҳоди ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро аз ҷониби гуруҳе аз курнамакон, ватангумкардагон ва мазҳабфурушон ба монанди Муҳиддин Кабири, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубовро шунида ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни гузаштаро боз як бори дигар пеши назар оварда ба хоку хун кашидани мардуми бегуноҳ, хатари аз байн бурдани давлату миллат, қурбонии зиёда 150 ҳазор мардуми бегуноҳ, зиёда аз даҳҳо ҳазор тифлони бепарастормондаю ятим, иқтисодиёти фалаҷгашта, зиёда аз як миллион мардуми фирори, ки хоки муқаддаси ватани хешро тарк намудаю дар ғарибию кулфат умр ба сар бурдаро ёдовар шудем.
Мо ба шумоён ватангумкардагон ва фитнаангезон гуфтанием, ки Тоҷикистон ин Тоҷикистони солҳои 90-ум нест. Шумо худатонро ҳоло ҳам мусичаи бегуноҳ метарошед, вале фаромуш набояд кард, ки нафароне ба монанди Саид Қиёмиддини Ғози, Сатторов Аёмиддин, ки дар байни Шумо буданду аз кардаи худ пушаймон гаштаву ру ба Ватан овардаанд имруз дар бораи фаъолияти пасипардагии Шумо руирост ба мардуми шарифи Тоҷикистон қисса карда истодаанд. Шумо нафароне ҳастед, ки баъди ба имзо расидани ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз яъне Созишномаи истиқрори сулҳ дар соли 1997 ва бо ташаббуси роҳбари давлат аз нав ба қайд гирифтани Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки ҳоло ҳамчун ҲЭТ худро нишон дода истодааст дар либоси дустӣ кори душман кардед. Ҳодисае, ки моҳи сентябри соли 2015 барои табадулоти давлатӣ намудан бо дастгирии ҳоҷи Ҳалим Назаров даҳ сол пеш аз ҷониби Шумо таҳия гардида буд, амали кардан хостед вале хушбахтона тири Шумо хок хурд ва шумоён куранмакони ватангумкардаро шармандаи руи олам сохт.
Мо дар якҷоягӣ бо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ватанро аз вартаи нестшави ва миллатро аз парокандаги нигоҳдошта Тоҷикистонро ҳамчун як давлати воҳид дар арсаи байналмилали муарифи намуд, ҳамқадамем. Сиёсати созандаю бунёдкорона ва хизматҳои шабонарузии Пешвои муаззами миллатамонро дастгири намуда, намегузорем, ки Шумо барин гуруҳҳои фитнаангез ба сулҳу субот ва ваҳдати миллии мо халал ворид созед. Шумо ҳоло ҳам вақт доред, дилҳоятонро аз кинаю фитна пок намуда ба Ватан баргардед, аз миллату меҳан узр пурсед, шояд миллату меҳан Шумо роҳгумзадаҳоро бахшад, вагарна не фардо барои Шумо дер хоҳад шуд. Ба Шумо муроҷиат карда гуфтани ҳастем, ки дороии аз ҳама қиматтарин барои инсон ин ватандори аст. Таърих гувоҳ аст ва воқеияти ҳар як ҳодисаро баъди чандин солҳо дар саҳифаҳои худ баҳогузори менамояд. Воқеаю ҳодисаҳое, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба вуқуъ пайвастанд, алакай баҳогузори шудаанд. “Қаҳрамонони ин ҳодисаҳо”, ки имруз дар хориҷи кишвар истодаю санги маломат ба руи миллату меҳани худ мепартоянд, фаромуш набояд кард, ки баъди сари Шумо фарзандони Шумо таърихро хонда танҳо як хулоса мебароранд, ки Шумо ватангумкардаҳо фарзандони худро беватан кардаед, онҳо имруз дар ғариби дар фироқи ватан месузанду ранҷ мекашанд ва Шуморо бо “некӣ” ба ёд меоранд.
Н.Ғуломҳайдаров- узви ҲХДТ аз ноҳияи Шаҳритуз