БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сафарбар намудани сокинон ба эҳёи урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар деҳот

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар  маҳаллаи Тулаганови ҷамоати деҳоти  Фирӯза  бо мақсади амалигардонии Соли тақвияти  робита бо маҳал, татбиқи амалии   Соли  рушди сайёҳї ва ҳунарҳои мардумӣ,  инчунин  паст  намудани сатҳи бекорӣ бо сокинон, вохӯрӣ баргузор гардид. 

Вохӯриро раиси    Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  ифтитоҳ намуд, қайд кард, ки имрӯз сокинони маҳаллаи Муродтеппа бо  як масъулияти  баланд  ва ифтихори ватандорӣ ҷиҳати сазовор амалӣ намудани  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо тайёрии мукаммалу ҷолиб чунин чорабинӣ баргузор намуда истодаанд.

Чорабинии мазкур  бо  як  ҳунармандии эҷодкорона ва бо малакаи баланди ватандӯстона, ҳифзу суннату анъанаҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.

Инчунин,  мавсуф   оид ба  пешгирии  шомилшавии  ҷавонон  ба ҳизбу  ҳаракатҳои  мамнуъ,  амалу кирдорҳои   номатлуби аъзои ТЭТ ҲНИ  ва   гурӯҳхои   ҷиноятпешаи хоинони  давлату  миллат дар  хориҷи  кишвар  фаъолиятдошта,  сари  вақт  вокунишҳо ба  иғвоҳои  онҳо,тайёр  намудану   сафарбар намуани   ҷавонон  барои  хизмат  дар  сафи  Артиш фаҳмонида  дод.  Вакили  Маҷлиси  вакилони  ҳалқи  ноҳия   Маҳмудова  Мусаллама аз  сокинонро  даъват  намуд, ки корҳои  ободониро  дар  маҳҳала  дар партави Аксияитарѓиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  ба  роҳ монда, бо дастаҷамъона ҳал намудани мушкилоти ҷойдоштаи маҳали зист саҳми арзандаи хешро гузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg