БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – раҳнамои корҳои созандагиву бунёдкорӣ

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Меҳнатобод 3-и ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин доир ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сару либоси миллӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва озмунҳои ҳизбӣ андешаронӣ намуданд.

Ногуфта намонад, ки бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи мазкур Каримов Маҳмуд ва дастгирии мардуми деҳа, ки аксарияти онҳоро аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ташкил медиҳад, бо тариқи ҳашар роҳи деҳаро сангфарш намуда истодаанд.

 

                                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg