БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оила макони меҳру муҳаббат

ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи нақшаи тасдиқгардида дар самти оила ва оиладорӣ дар САҲШ  хониши сиёсӣ баргузор  намуд.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Суҳроб Валиев ба сухан баромада, оид ба самтҳои афзалифтноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуда, қайд кард, ки оила ва оиладорӣ, яке аз муҳимтарин рукнҳои зиндагии инсонӣ ба шумор меравад, ки пойдорӣ ва мустаҳкамии он асоси хушбахтӣ дар ҳаёти шахс мебошад.

Оила иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқ ва чун қоида якумраи зану шавҳар аст, ки ба муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади ташкили хонавода барои тавлид ва тарбияи фарзандон асос ёфтааст.

Мутаасифона, мушкилот ва ҳаводиси ғайричашмдошт ва гуногуне дар зиндагӣ ба вуқўъ меояд, ки ин пойдорӣ ва мустаҳкамиро халалдор мекунад ва боиси вайрон шудани хонаводаҳою  оилаҳо мегарданд.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи ин масъала таъкид месозад «Дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳама хислатҳои неку бади инсон, асосан дар оила ибтидо мегирад. Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургеро, ки вобаста ба тарбияи фарзандон ба дӯши онҳо меафтад, пурра эҳсос кунанд. Халқ беҳуда нагуфтааст: «Фарзанди нағз-боғи падар, фарзанди бад-доғи падар».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg