БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум аз наҳзатиҳои аҳримансирати фитнагар безоранд

ВОКУНИШ. Имрӯзҳам Тоҷикистон ба туҳмату дасиса, ҳангомаҳо ва сангпартоиҳои хоинони ҷониби Ватан аз дасти ба ном фарзандони «бананг», вале дар асл ташкилкунандагони низоъу хунрезӣ ва беадолатиҳои солҳои гузашта гирифтор шудааст. Аз бобби Ватан  чунон ҳарф мезананд, ки гӯё ҳама инҷо мунтазири суханони бардуруғ ва иғвоангези онҳо бошад. Наход Инсон ба хотири пул номуси хешро фурӯхта, ватани худро таҳқир кунад.                                         

Чаро онҳо дурӯяанд? Зеро ин гуна фаразандон бо сангпартоӣ ба Тоҷикистон, дассисаву иғвоангезӣ ва халалдор намудани осоиштагии Ватан аз дасти дигарон нон мехӯранд ва дар канори хоҷаи дигаре бо олудагиҳои амалҳои нангин паноҳанда мебошанд ва ҳатто муттаҳам низ ҳастанд. Вале афсус, ки ҳар санги партофта ба Ватан доғе дар дили эшон хоҳад шуд, чунки аз ҷониби ҳазорон нафар шаҳрвадони кишвар мавриди лаънату нафрат қарор мегиранд.

Эй Ватанхоҳони ватанфурӯш аз паси парда ҳама овоз баланд карда метавонанд, вале ки ҷуръати дар майдони набард иштирок карданро дорад. Агар онҳо ватандӯст мебуданд, агар онҳо ба гуфтаи худашон “ҳақиқатнигор” мебуданд, оё фарсахҳо аз Ватан дур рафта дар ҳаққи ин хоку диёр туҳмату иғворо раво медиданд?   

Ҳамватанони азиз чеҳраи ин аҳримансуратону сиратон пас аз пахши филми мустанади «Решаҳои ноаён» тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионии кишвар маълум гардид, ки сабабгори асосии майдонкашию куштори мардуми осоишта ва чеҳраҳои мондагори миллат киҳо ҳастанд. Акнун ин афроди хоину террорист берун аз Ватан умр ба сар бурда барои нооромии амнияти миллат кӯшишҳо доранд. Бо гуфтаҳои худ Кабирӣ борҳо исбот менамояд, ки ӯ барои ободии миллат не балки барои нооромии миллат ду талош дорад.  

Инчунин дигар ҳаммаслаконаш худро ҳамарӯза дар сомонаву шабакаҳо бо суханҳои хоинона худро намоиш медиҳанд. Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон аз чеҳраи Кабирӣ ва ҳамаслаконаш безоранд. Кабирӣ дар Аврупо ҳоло мисли сагони кӯча акос мезанаду атрофи худ дигар сакбачаҳоро ҷамъ овардааст. Оре ӯ бо ин се - чор сагону хоҷагони маблағгузораш ягон кореро нисбати Тоҷикистону мардуми шарифаш анҷом дода наметавонад, чунки  «Саг меҷакад, вале корвон  ба  роҳаш меравад». 

Чаро имрӯз бадхоҳони миллати тоҷик ба ҳар як дастоварди Пешвои миллал ва Ҳукумати Тоҷикистон бо нигоҳи каҷ назар меандозанд?

Шукри Худованди бузург, ки имрӯз мардеро  руйи майдони сиёсат ва роҳбари давлат дар он шабу рӯзҳои вазнин фиристод ва Тоҷикистони порагаштаро ҷамъ карда Тоҷикистон сохт, ки мардум имрӯзҳо зери сиёсати пешгирифтаи ин марди хирад муттаҳид гашта, як дилона зисту зиндагӣ доранд. Аз ин лиҳоз онҳо мехоҳанд ин сиёсати хирадмадона ва дурандешонаи Пешвои миллатро халалдор созанд.

Мо ҳизбиёни содиқ ҳама заҳмату талош, раҳнамоиву роҳбарӣ ва ояндаандешии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  қадр намуда, то лаҳзае, ки ҷон дар бадан дорем, баҳри Тоҷикистони маҳбубамон ба мисли Пешвои маҳбуби миллат барои пойдории ин Ватан ва сулҳу суботи он талош меварзем ва ҳама гуна дассисаву иғвои хоинонро бе ҷавоб намемонем.

Зиндаву поянда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бо Сарвари эҳёгару ободкораш!

Холиқов Саймалик-узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg