БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои шарманда иғвоҳои навро ташкил карданианд

ВОКУНИШ. Дар ибтидои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон гурӯҳе пайдо гашт, ки дар байни мардум таблиғот бурда, одамонро ба сӯи дини ислом даъват мекард. Чун сухан аз номи ислом мерафт, мардум оҳиста-оҳиста ба даъвати онҳо фирефта мешуд. Ин аввалин қадамҳои наҳзатиёни мардумфиреб буд, ки нахуст бо дастури хоҷагонашон дар Тоҷикистон ақидаи ваҳҳобияро паҳн менамуданд.

Ҳанӯз солҳои охири побарҷо будани давлати Шӯравӣ ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсии иртиҷоии хусусияти  маҳалгароиву дингароидошта дар кишвари  мо арзи вуҷуд карда буданд, ки ҳар кадоме аз он гурӯҳҳо талош  доштанд ба ҳар роҳу воситае набошад қудрати сиёсиро дар даст биёранд.  Гурӯҳи аз ҷиҳати  ақидавӣ ба ҳам мухолиф таҳти фишори маблағгузорону хоҷагони хориҷиашон барои аз харитаи ҷаҳон нест кардани Тоҷикистон бо ҳам муттаҳид шуда, ТЭТ  ҲНИТ-ро созмон доданд.

Намояндагони ҳарду гурӯҳ дар байни мардум ошкорову пинҳонӣ  ақидаҳои мазҳабии бегонаро таблиғу ташвиқ карда, дар аксар мавридҳо таълимоти  мазҳаби ҳанафиро танқид карда, гоҳе ҳатто куфр мехонанд. Ҳолатҳои  зиёде  буданд, ки руҳониёни асили  мазҳаби ҳанафӣ аз мақсадҳои ғаразноки онҳо воқиф гашта, таблиғотчиёни наҳзатиро шармандавор аз маъракаҳо меронанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳи тоҷикон ба ҳама талаботи ҳизбиёни наҳзат розӣ шуда,  ба мухолифин дар  ҳама сохторҳои давлатӣ вазифаҳои баланд доданд. Гуноҳи ҳамагон бахшида шуд, то ин ки Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат ва фонишавӣ баромада, ба сӯи ободиву таррақиёт қадам монад.

Низои анъанавии суннӣ ва шиа дар сатҳи байналмилалӣ дар  оянда метавонад афзоиш ёбад. Зеро ду давлат меҳварии ҷаҳони ислом – ҶИЭ ва Арабистони Саудӣ барои даст ёфтан ба қудрати сиёсии минтақа бо истифода аз ин ду фирқа мубориза мебаранд. Вале ба пиёда сохтани ин ормонҳои худ мушарраф намешаванд.  Чунки он ба манфиати давлатҳои қудратманде, ки дар ҷаҳони ислом манфиатҳои геопалитикӣ доранд, мухолиф нест. Ба ин давлатҳо  низои ин ду қуррати минтақавӣ дар заминаи шиаю суннӣ зарур аст, то ки ба ин восита заиф шаванд ва ғалабаи яке аз тарафҳо ба манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ нест.

Ҷомеаи навини мо дар марҳилаи кунунии инкишоф бо душвориҳои сангини иҷтимоӣ-сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аз як тараф экстремизи динӣ  бо идеологияи тахрибкоронааш аз тарафи дигар бошад ғасби фарҳангӣ – дини ҳизбу ҳаракатҳои  бо ном исломӣ мебошад. Дар байни равияҳои экстремистии дар ҷаҳони муосир амалкардаистода  равияи «Салафия» дар таблиғи ақидаҳои ифроитиаш хеле фаъол мебошад. Ояндаи исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон ба сатҳи  таносуби маърифати дунявӣ ва динии шаҳрвандонаш вобаста аст. Исломи сиёсӣ дар ҷое реша мегирад, ки холигии маънавӣ- идеологӣ фароҳам бошад. Мардуми тоҷик, ки аслан мусалмон ҳастанду ба мазҳаби худ бояд имон оваранд, ба фарҳанги ниёгони худ бояд такя намуда, маърифату маданияти ба мардуми тоҷик хос бударо интихоб намоянд.

Ягона хавфи бархӯрди шиаю суннӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ҲНИ имконпазир гардид, ки дар натиҷа ба ҷанги хонумонсӯз оварда расонд. Имрӯз мардуми кишвар фаҳмиданд ва ҲНИ низ дигар имконияти тарғиби шиагарорӣ надорад. Наҳзатиҳо аз Тоҷикистон фирор карда, акнун аз берун ба Тоҷикистон хиёнаткориҳояшонро идома дода истодаанд.

Масъулону пайравони ҲНИ, ки дар кишварҳои дигар қарор доранд, бояд дуруст дарк созанд, ки ғуломи зархариди хоҷагони хориҷӣ будан, бозичаи дасти неруҳои бегона будану ҳадафҳои онҳоро бар хилофи манфиатҳои Ватану миллати худ хиёнаткорона ба ҷо овардан оқибати бадтарин дорад. Ин тоифа бо анҷом додани амалҳои нангину нопоки мазкур ҳамчун як гуруҳаки манфуру хиёнатпеша дар назди ҳамватанон ва ҳам хориҷиён шинохта мегарданд. Ҳатто худи ҳамон хоҷагонашон ҳам ба инҳо эътимод нахоҳанд дошт. Ҳамаи амалҳои террористии анҷомдодаашон ба нишон нарасиданд. Новобаста ба ин  шармандавор сар боло намуда, иғвоҳои нав ташкил мекунанд. Беҳтар он аст, ки масъулини ташкилоти терористии ҲНИ аз ҳар гуна амали душманона нисбати Ватану миллати худ даст кашида, пайравонашонро низ ба чунин рафтор ҳидоят намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба қатори кишварҳои рӯ ба тараққӣ дохил шудааст. Ҳамин оромию озодии кишвар як бойгарии нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши зиёди шабонарӯзии Пешвои миллат, Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  кишварамон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба даст омадааст.

Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

 

Г.Одинаева- узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи  Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg