БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Террористро ба хубу бад ҷудо кардан мумкин нест!

АНДЕША. Дар охирҳои асри 19 ва саршави асри 20 ҷаҳониёнро боз як мушкилоте фаро гирифт, ки ин ҳам бошад пайдо гаштани гуруҳҳои экстремисти террористӣ буд.

Омилҳои мусоидаткунанда ба терроризму экстремизм агар аз як тараф дар бархурди манфиатҳои абарқудратҳо бошад, аз ҷониби дигар дар осебпазир будани афкори ҷомеа ва масъалаҳои иҷтимоӣ  мебошанд.

Омилҳо инҳо мебошанд:

-Надоштани донишу фаҳмишҳои  кофии  илмӣ  ва ҷаҳонбинии фарогир.

-Бетарафии аҳли ҷомеа нисбати зуҳури аввалин нишонаҳои ифротӣ шудани  ҷавонон.

 -Боварии зиёд нисбати овазаву ҳурофот ва мусодиат кардан ба таблиғоти ифротиён.

 -Гурез аз мушкилиҳои зиндагӣ. Мутаасифони бисёре аз ҷавонон ҳалли мушкилиҳои зиндагӣ,аз ҷумла баҳсу мунозираҳои оилавӣ ва мушкилиҳои рӯзмарраро дар гурехтан аз проблемаҳои бавуҷудомада мебинанд ва тавассути шабкаҳои иҷтимоӣ ба чунин гурӯҳҳо майл  пайдо мекунанд.

 -Ҳавову ҳавас: Маълум аст, ки яке аз ҷанбаҳои ҳавасмандсозӣ ба ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ин ваъдаи пулу сарават ва тафреҳу саргармист.

Аз ин хотир мо ҳизбиён ба хусус вакилони ҳавзаҳои интихоботи худамонро вазифадор мешуморем, ки ҳама рӯза дар ҳар ҷамомад байни ҷавон ва мардуми гирд омада вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо гузаронида оиди фирефта нагаштан ва зираку  Ватандӯст будан таъкидҳои ҳамарӯзаи Пешвои миллатро мерасонем. Санаи 22.12.2017 сол дар Паёми Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон бо ишора ба ин вазъ чунин гуфта шуд:  «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем,ки терроризм ва ислоҳгаро, ё хубу бад ҷудо кардан мумукин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан дин, мазҳаб ва миллат надорад».

 Гуфтаҳои Пешвои миллатро мо бояд сармашқи кори худ карда вазифаҳои худамонро дар байни аҳли ҷомеа бо баланд сохтани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз хатарҳои терроризму экстремизм, огоҳ сохтани сокинон аз пайдоиши ин гуруҳҳо, тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ талқини ҷавонон оиди аз худ кардани донишҳои муосир ба корҳои муфиду созанда, ки дар ҳаёту рӯзгори худу атрофиён, истифода дуруст аз шабакаҳои иҷтимои, Омӯзонидани суннатҳои қадимаи ниёгонамон, одоби меҳмониавзву меҳмондори ва ғайра суҳбату вохӯриҳо мегузаронем.

Р.Амирхонзода- узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg