Ш.ШОҲИН. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир намуданд.
Зимнан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Неъматов Абдуҷаббор дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуд.
Баъдан сармуҳаррири нашрияи ҳизбӣ «Овози халқ»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қурбонзода Шифо дар бораи терроризму экстремизм ҳамчун омили хатарнок дар ҷомеа, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, тарбияи дурусти фарзандон, дар роҳи ватандӯстиву ватансозӣ тарбия кардани онҳо, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди анъанаҳои неки ниёгон ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва паст кардани шиддати бекорӣ андешаронӣ кард.
Дар охир раиси ташкилоти ибтидоӣ Қамарзода Умар суханрониҳои масъулинро якдилона пазируфта, афзуд, ки мо масъулон дар якҷоягӣ бо сокинон барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон камари ҳиммат мебандем.