БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими сулҳу субот аз ҳадафҳои олии ҲХДТ мебошад

ШАҲРИТУЗ. Бо  мақсади амалигардонии ҷадвали вохӯриву суҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти  Пахтаобод дар  ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар мавзӯъи баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии беморҳои сироятӣ, пешгирии  воридшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои  экстремистию террористӣ   бо иштироки  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз  Шаропов  Ҳомидҷон  баргузор гашт.

Нахуст,  хониши сиёсиро Ҳомидҷон Шаропов кушода, мақсади ҷамъомадро ба ҳамагон фаҳмонида, атрофии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД, гепотит ва сил, ҳифзи сиҳатии омма, бурдани корҳои тарғиботӣ дар байни сокинон барои  аз муоинаи тиббӣ гузаштан пас аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштан, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, ба волидайн фаҳмонидани моҳияти хизмат дар саиф Артиши миллӣ-ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, сулҳу субот,  тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ,риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, бори дигар сокинонро аз паёмадҳои хатаровари ташкилотҳои террористии дар кишвар мамнӯъ огоҳ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg