БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи аксияи ҳизбӣ «Якҷоя ҳал мекунем!» дар маҳаллаҳои дурдасти ноҳия

А.ҶОМӢ. Ҳадафи амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  дар маҳаллаҳои дурдасти ноҳия, боз ҳам устувор намудани робита бо қишрҳои гуногуни ҷомеа буда, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баҳри анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ ва дар якҷоягӣ ҳал намудани мушкилотҳои дар маҳал ҷойдошта тамоми кӯшишу ғайраташонро сафарбар карда истодаанд.

Аз ин ҷост, ки дар ташкилоти ибтидоии «Оби ошуқ»-и деҳаи Оби Ошуқи ҷамоати деҳоти Ифтихор кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳия Саёҳат Самадзода ва Ҷамолиддини Маҳмадшариф бо сокинони деҳаи номбурда вохӯрӣ  баргузор намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ дар баробари фаҳмонидани моҳияти Аксияи ҳизбӣ, оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Итсиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва вобаста ба нахустин сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии ӯзбекистон, инчунин дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg