БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зуҳуроти терроризм - ба суботу амнияти кураи замин хатари мудҳиш дорад!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи  Ҷайҳун хониши сиёсӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Заводи пахта»-и ноҳия вобаста ба мавзeъи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии  шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода доир гардид.

Зимнан Фарҳод Обидзода ба сухан баромада, иброз дошт, ки маҳалгароӣ, бегонапарастӣ, тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрeза - экстремизм, терроризм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омилҳо ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид намудааст.

Ба ин муносибат зарурати ёдрас шудани суханони ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мағз андар мағзи ҳар фарди худогоҳ ҷой гирифта, ба кору пайкор ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ даъват мекунанд, эҳсос мегардад: «…На теғи Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи хунрезии Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на манораҳое, ки дигарон аз сари тоҷикон сохтанд, азму иродаи истиқлолхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пояндаи фарҳанги аҷдодони моро шикаста натавонист».

Месазад, ки мо тоҷикистониён ин Ватани ободу осудаи худро ҳамеша аз хатарҳои геополетикӣ дур нигоҳ дорем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg