БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомеа солим бошад давлат пойдор мемнонад

Н.ХУСРАВ. Дар   ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Беморхонаи  №1”-и ноҳия  хониши  сиёсӣ  дар  мавзӯи “Баланд  бардоштани  маърифат ва  масъулияти шаҳрвандон  бо  мақсади пешгирӣ  аз  паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ” баргузор гардид.

Хониши  сиёсиро  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  Алиева  Сураё  ифтитоҳ намуда, мақсади  вохӯриро  ба ҷамъомадагон фаҳмонида  қайд  намуд, ки Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Ҳамаи  мо  вазифадорем, ки  пеш аз  ҳама  худамон намунаи  нангу номуси  ватандорӣ бошем, мардуми  кишварро  ба  ободу пешрафта гардонидани сарзамини  аҷдодӣ  ҳидоят кунем, пеши  роҳи  бегонапарастӣ ва хиёнатро ба  манфиатҳои  миллат ва давлати Тоҷикистон  гирем, воло  будани  манфиатҳои  миллӣ ва  давлатиро пайваста  эҳсос  карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва  ватандӯсту ватанпарвар  бошем”.

Дар  баробари  ин  дигар  омилҳои  хатарзо ба  генафонди  миллат паҳншавии   бемориҳои  сирояткунанда  махсусан бемориҳои   ВНМО/АНМО (ВИЧ/СПИД) ва  Гепотити  С хело   ташвишоваранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg