ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Азизӣ Сабоҳат иштирок дошта, дар баробари тарғиби самтҳои фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Ногуфта намонад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи мазкур Тағоев Иззат ва дастгирии мардуми деҳа, ки аксарияти онҳоро аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ташкил медиҳад, бо тариқи ҳашари умумӣ бунгоҳи тиббӣ бунёд гардида истодааст, ки дар ояндаи сокинони деҳа соҳиби бунгоҳи тиббӣ мешаванд.
мардуми деҳот аз роҳандозии Аксияи ҳизбӣ ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ миннатдор буда, иқдоми неки ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат донистанд.