БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Осорхонаи Восеъ ба яке аз ҷойҳои дидании сайёҳӣ табдил дода мешавад

ХОВАЛИНГ.Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии «Восеъ» оид ба омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Зимнан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов пеш аз ҳама ба дастуру супоришҳое, ки аз навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон бармеояд шинос намуд. Сипас, дар бораи дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, хатари терроризм, гаравидан ба фарҳанг ва урфу одати бегона, нашъмандию нашъаҷалобӣ, коррупсия, бемориҳои сироятӣ, истифодаи ғайримақсаднок аз технологияи муосир,  моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ маълумот дода, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб ҳидоят намуд.

Дар хониши сиёсӣ котиби ташкилоти ибтидоӣ Н.Ситамов ва чанде аз фаъолони ҲХДТ иштирок дошта, изҳор кард, ки омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро дар байни аҳолӣ васеъ ба роҳ мемонанд ва барои сазовору арзанда пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» Осорхонаи ҷумҳуриявии Восеъро, ки дар зодгоҳи Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ – Дараи Мухтори ҷамоати деҳоти Ҷомбахт ҷойгир аст, ба яке аз ҷойҳои зеботарин ва диданитарини сайёҳӣ табдил  медиҳанд.       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg