БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз аст

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  Давлатҷон Ғаффорзода бо сокинони маҳаллаи Меҳрва ва Тудабоёни ҷамоати деҳоти Чубек баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ Давлатҷон  Ғаффорзода дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  андешаронӣ намуда, афзуд, ки  озмунҳои ҳизбӣ ба Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, ҳунармандону тарроҳон, наққошони беҳтарин метавонанд бо дастовезҳои арзанда дар озмунҳои ҳизбӣ ширкат варзида,  соҳиби ҷоиза ва мукофотҳои арзишнок гарданд.

Сокинони маҳаллаҳои дар боло номбаршуда дастгирию пайравии худро бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишвар  аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат изҳор намуда, зикр карданд, ки кӯшиш менамоянд бо дастовардҳои назаррас дар озмунҳои ҳизбӣ иштирок карда, ғолибяитро ба даст меоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg