БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Куҳандиёриён аз Ватани обод меболанд

ФАРХОР. Аз вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Куҳандиёр 3 баргузор гашт, маълум гардид, ки сокинони ин деҳи кӯҳан аз Ватани ободу озоди худ меболанд ва шукронаи чунин Сарвари оқилу хирадманд ва сиёсатмадору ватандӯст мекунанд, ки соли 2018-ро  дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Дар назди ҷамъомадагони раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Алиҷон Назаров ва муовини раиси Кумитаи иҷроия Шаҳбози Искандар суханронӣ намуданд.

Муҳтавои асосии андешаронии масъулин дар ин вохӯрӣ асосан фарогири масоили муқаддас будани ҳифзи марзу буми Ватан, ҳушёрии сиёсӣ, худшиносии миллӣ, дурӣ ҷӯстан аз ҳаргуна ташкилоту ҳаракатҳои иртиҷоӣ, фош кардани симои манфур ва мақсадҳои разилонаи Ҳизби наҳзати ислом, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд,  буд.

Ҳамчунин, сокинони маҳалла, ҳунармандони асилу хушзавқ  намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд, ки иштирокдорон аз намоишгоҳ дидан намуда, ҳунармандони деҳаро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg