БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарзанди ҳунар бош, на фарзанди падар!

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Ҷайҳун чорабинии  фарҳангӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯъи «Тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода, раиси ташкилоти ибтидоии «Ғалаба» Сафархон Қаландаров ва сокинони деҳаи болозикр баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аҳли деҳа тамоми ҳанарҳои миллии хоси мардуми тамаддунофари тоҷикро ба намоиш гузота буданд, киҳозирин аз томошои маҳсулотҳои маҳсули дасти ҳунармандони деҳа ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

Месазадқайд намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки: -«Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии хеш ифтихор дорад, метавонад аз неъмати бебаҳои Истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад. Чунки тоҷикон ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳибитамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона дар арсаи байналмилалӣ қадру манзалати хосаро доранд».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg