БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистони соҳибистиқлол – Ватани азизу маҳбуби ҳамаи мо

ПАНҶ. Хониши  сиёсӣ ин навбат  бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Ватан»-и ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия ва  меҳмонон аз  ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияҳои тобеии ҷумҳурӣ таҳти шиори  «Тоҷикистони соҳибистиқлол – Ватани азизу маҳбуби ҳамаи мо» баргузор гардид. 

Зимни баромадҳо оид ба масъалаи муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез   андешаронӣ гардид. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон  гирифтори  хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зухуроти терроризму ифротгароӣ  ба хатари бесобиқа табдил ёфтааст, ки ин амнияти тамоми сайёраро зери  хатар  мегузорад. Ба Тоҷикистони  азизи мо низ  ин хатарҳои даҳшатафкан ва амалҳои ифротгароӣ таҳдид менамоянд. Лозим меояд, ки аҳли ҷомеа дастҷамъона бар зидди ин паёмадҳои номатлуби замони муосир мубориза бурда, ҷавонони кишварро аз ин хатарҳо ҳифз намоем.

Дар идома оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон  махсусан ҷавонони деҳот, ки каме аз маърифату маданият дур мондаанд, пешниҳодҳо карда шуд.

Дар охир, якчанд нафар фаъолони маҳала ба сухан баромада, ҷонибдорӣ ва фикру мулоҳизаҳои худро нисбати  баромадҳои кардашуда  баён доштанд. Иброз доштанд, ки ҳамаҷониба бо истифода аз ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки ҷавонони маҳалро аз ин паёмадҳои хатарноки ҷомеа  ҳифз намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg