БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳми ҷонибдорони ҲХДТ дар ҷамъоварии тиллои сафед

ДЎСТӢ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар якҷоягӣ бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ барои талаф наёфтани пахта дар рӯзҳои истироҳатӣ барои чиниши пахта сафарбар гардиданд.

Инчунин, дар ҳашари дастаҷамъона и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз иштирок дошта, тамоми кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро иборат аз 110 нафар давоми 2 рӯз дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ба чинаки пахта сафарбар намуд. 

Бештари чинакчиёни бригадаи зарбдор аз ҳисоби аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказӣ», «Маркази саломатӣ», «Шуъбаи фарҳанг», «Идораи барқ», «Файзи замин»ташкил дода, ба миқдори 3300 килограмм тиллои сафед ҷамъоврӣ намуда, ба хирмани давлат супориданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg