КЎЛОБ. Бо мақсади самаранок ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумиро дар деҳаи Сари ҷари ҷамоати деҳоти Даҳана роҳандозӣ намуд.
Дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирўзи Саидмӯъмин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шањри Кӯлоб Файзуллоев Алишер, мудири шуъбаи кор занони Кумитаи иҷроия, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шањри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва ҷонишини директори Маркази ВНМО-и шањри Кӯлоб Фарзонаи Насулло иштирок ва баромад намуданд.
Зимни суханронии корманди масъули ҳизбӣ гуфта шуд, ки иқдоми неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба хотири баланд бардоштани фарҳанги миллӣ, ҳифзу гиромӣ доштани анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ, раҳоӣ ёфтан аз бегонапарастӣ, боло бурдани ҳисси ватандўстӣ ва бо ин тариқ паст кардани сатҳи бекорӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ ҳар яки моро мебояд барои равнақу ривоҷ додани ҳунарҳои миллиамон ва ба ҷаҳониён муррифӣ кардани фарҳанги бойю ғании тоҷикон саҳми худро гузорем.
Вобаста ба дигар паҳлўи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, хусусан, оид ба зиёд гардидани бемории АНМО/ВНМО ва роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ иштирокдорон ибрози ақида намуданд.