![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20181118_123348.jpg?itok=NrIvrn3w)
ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша- чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Хоҷамӯъмини ҷамоати деҳоти Тугарак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила чорабинии фарҳангӣ - сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки сулҳу оромӣ ва ободии кишвари азизамон ҳама аз файзи истиқлолият аст ва мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем.
Барои ин мо бояд иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки барои зиндагии осоиштаи мо мардуми тоҷик мебошад, якдилона дастгирӣ намоем.