БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии диёр мароми мо ҳизбиён мебошад

 ВАХШ. Дар партави  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо  омодагиҳои ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтану  таҷлил намудани муқаддастарин иди миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо истифода аз  қувваи кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб,  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар маркази  ноҳия ҳашари дастаҷамъона гузаронида,  дар ободиву шукуфоии ноҳия саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Бо ин максад кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, аъзои намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба ҳашари дастаҷамъона баромада, як қисмати кӯчаи марказиро тозаву озода намуданд.

Ҳашарчиён дар даст олоту асбоби меҳнат гирифта, бехи дарахтонро нарм карда, обраву роҳравҳои ду тарафи атрофи роҳро аз хасу хошок ва партовҳо тоза намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg