БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини амнияти озуқавори аз ҳадафҳои муҳими мост

БАЛҶУВОН. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассиса ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Балҷувон  дар нимаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бозори марказӣ” атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Дар он  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Исуф ва дигар кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Мирзоев Исуф дар назди ҷамъомадагон оид ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Ҳукумати Тоҷикистон, нисбат ба соҳибкориву хоҷагидорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ,  самтҳои афзалияноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, пешгирии ҳодисаҳои хавфноку хатаровари ташкилотҳои  террористиву экстремистӣ ва пешгирии воридоти хӯрокҳои пастсифат аз ҷониби соҳибкорон ба ноҳия андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки  маҳсулотҳои пастсифату ғизоҳои носолиме, ки дар мағозаву бозорҳо мавриди фурӯш қарор гирифтаанд,  дар ин самт  масъулини бозор диққати ҷиддӣ диҳанд.

Дар охир мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомиддин  аз соҳибкорони бозори номбурда даъват ба амал овард, ки аз ворид намудани маводи ғизоӣ,  маҳсулоти пастсифат худдорӣ намоянд, чунки, солимии миллат солимии ҷомеа аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg