БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Идомаи намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи гузаргоҳи Румӣ-1, ваТуғаланг-5-и ҷамоати шаҳраки Балхии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷониби иштирокчиён қайд кард, ки хушбахтона, ин пешниҳоди Пешвои миллат иқдоми наве барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмини рӯзгори моддии мардум ва сайёҳӣ дар дохили кишвар мебошад. Ҳадафи асосии эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ин муаррифӣ намудани фарҳангу ҳунарҳои қадима ва волои мардуми Тоҷикистон ба ҷаҳониён, манзараҳои зебову табиати нотакрори он, минтақаҳои дорои аҳамияти сайёҳии экологӣ ва сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ мебошад.

Бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ ҳар як фарди худогоҳро зарур ва лозим аст, ки дар муаррифии Тоҷикистони биҳиштосо, табиати нотакрори он, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандаи хешро гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg