А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои дастуру супориши мақомотҳои болоии ҳизбӣ ва иҷроиши ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот, дар ташкилоту муассиса ва деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат, Мирзоев Холмурод ва Ҷамолиддини Маҳмадшариф дар ташкилоти ибтидоии «Роҳсоз»-и назди МДНРА-20-и ноҳия хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар баробари баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, масъулон аз гӯшаи ҳизбӣ дидан карда, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони муттасаддӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Инчунин барои пешбурди фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти номбурда ва ҳарчи зичтар намудани робитаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ёрии методӣ расонида шуд.