БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соҳаи тандурустӣ дар ҷомеа самти афзалиятнок аст

МЎЪМИНОБОД.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона»  бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротзода хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Зимнан Салоҳиддин Мирзобаротзода дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ҳифзи сиҳатии омма, дар байни сокинон бештар бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ андешаронӣ карда,  иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ ва бо дастовардҳои назаррас ҷамъбасти кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg