ВАХШ. Бо мақсади тадбиқи сифатноки нақша-чорабиноҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Маркази тибби Наврӯз» -и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия дар мавзӯъи «Баланд бардоштани маърифат ва масъуляти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш Раҳимов Аслидин ибрози андеша намуда, қайд кард, ки бемории ВИЧ/СПИД бемории сироятӣ буда, хатари бештар ба саломатии ҷомеа дорад. Ин беморӣ аз аввалҳои солҳои 80-и асри ХХ омада истодааст. Тибқи маълумоти барномаи СММ оид ба мубориза алайҳи бемории ВИЧ/СПИД ҳар рӯз дар ҷахон 16 хазор нафар аз вируси норасоии масуняти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро нафарони аз синни 14 то 30 сола ташкил медиҳад. Бемории ВИЧ/СПИД бемории хатарноки сироятии табобатнашаванда буда, шахси гирифтори ин бемориро ба коми марг мебарад. Раҳимов Аслидин дар охири суханронияш қайд намуд, ки табиби ҳар як шахс худи ӯст.