БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зани тоҷик бо ҳунармандӣ машҳур аст

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар маҳаллаи Ғайрати ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмасаид ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола иштирок дошта,  оид ба тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, аз байн бурдани бегонапарастӣ  суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар идома масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  ривоҷу равнақ бахшида дар касбу ҳунарҳои неки ниёгон, ба ҷавонон омӯзонидани ҳунарҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстиву хештаншиносӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо молу маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сарчашма мегиранд, андешаронӣ карда, мардумро барои боз ҳам баланд бардоштани  ҳунару ҳунармандӣ, иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳидоят карданд.

Дар охир иштирокдорон аз намшишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки занону бонувони ҳунарманд бо рангҳову нақшу нигорҳои дилписанд либосҳои миллиро омода карда буданд, дидан карда, ба ҳунару маҳорати  ҳунармандони чирадаст  баҳои хуб доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg