БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсадҳои ғаразнок ҳеҷ гоҳ амалӣ намешаванд

ВОКУНИШ. Боз иғвогариву фитнаҳои навбатии ТТЭ ҲНИ дар ҳамоиши САҲА ба амал омад. Наҳзатиҳо бо кадом роҳе набошад, ҳамеша дар пайи тарҳрезӣ намудани як амали номатлуб, амали шарр ва иғвогарӣ ҳастанд. Онҳо дар иҷрои амалҳои зишту иғвоангез ва тахрибкорӣ ҳамто надоранд.

Ба дасти собиқ аъзои ТТЭ ҲНИ Аёмиддин Сатторов додани навиштаҷоти «Озодӣ ба маҳбусони сиёсии Тоҷикистон!» бо мақсади акс гирифта паҳн намудани он дар шабакаҳои иҷтимоӣ иғвогариву фитнае беш нест. Бо ин роҳ наҳзатиҳо мехостанд, ки боз як шӯру низоъро нисбати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, номи онҳоро сиёҳ кунанд, вале ин дафъа ҳам ба мақсади ғаразноку нопокашон нарасиданд.

Дар ҳақиқат, шахси сади роҳи аксгиришуда тавонист нақшаи иғвогаронаи гуруҳи хиёнатпешаро вайрон намояд. Ӯ пеши роҳи тарҳи навро гирифт, варна имрӯз наҳзатиҳо садҳо дурӯғу буҳтонҳои навбатиро тариқи сомонаҳои иттилоотӣ саршору лабрез мекарданд.

Лаганбардорон, косалесон, лӯхтакҳо ва бозичаҳои дасти хоҷагон, хиёнаткору маддоҳон барои хотири хоҷагони худро хуш кардан ва барои «ҳалол» кардани маблағҳои бо иғвогарӣ ба даст овардаашон ба ҳама гуна амалҳои зишт қодиранд ва аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонанд.

Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бо роҳи макру фиреб ва ҳиллаву найрангҳои нав ба нав то кай рӯз мебурда бошанд? Суолест ба худи хоинони миллат!

Думравони ТТЭ ҲНИ ин дафъа худро «хонашери майдонғариб» нишон дода, иғвогар будани худро собит намуданд. Имрӯз барои онҳо Аврупову Варшава, Туркияву дигар мамолики хориҷӣ манзилу маконашон гашта, дар он ҷо гургони дарранда, рӯбоҳи маккору фиребгар ва сагони дайдуи бӯйгир шудаанд.

Наҳзатиҳои хиёнаткору ватанфурӯш! Сад сол дар ватани бегона гардеду дорои қасру маблағҳои ҳаром бошед ҳам, шуморо касе ҳамватан намегӯяд, он ҷо ватани шумо намешавад. То кай шумо хоки пойи хоҷагонатонро ба дида молида, рӯз мебаред? Хоҷагонатон хуб медонанд, ки шумо хоину ватанфурӯшед, хиёнаткоред, бинобар ин шумо ба боварии онҳо намедароед.

Шумо ки ба Ватану миллату давлати худ хиёнат кардед, оё ба хоҷагонатон вафо мекунед, ҳаргиз!!!

 

М.Сатторовааиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg