ВОКУНИШ. Чанде пеш аз ҷониби як иғвоангези ТТЭ ҲНИ навори моҷароангезе аз анҷумани САҲА дар Варшава тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуд. Яъне намояндаи наҳзатиҳо бо Аёмиддин Сатторов узви собиқи ТТЭ ҲНИ гарму ҷушон вохӯрдӣ намуда, лавҳаи моҷароҷӯёнаи «Озодӣ ба маҳбусони сиёсии Тоҷикистон!» -ро ба дасташ дода, хост, ки акс бигиранд ва пайи мақсадҳои ғаразноку буҳтониашон шаванд. Вале як ҷавонмарди ғаюру бофаросат шиорро гирифта пора намуд, ки боиси баҳсу хархаша гардид.
ТТЭ ҲНИ ҳамеша мақсади ба вуҷуд овардани ҷанҷолу хархаша, нооромӣ, бетартибӣ ва ҷангу ҷидолро дорад. Онҳо барои халалдор сохтан ва сиёҳ кардани номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ин нақшаҳоро тарҳрезӣ намуда, иғвову моҷарои навро амалӣ карда, ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ мехостанд, ки боз чанд муддат туҳмату иғво барангехта, нофаҳмиву нооромиро ба вуҷуд оранд.
Наҳзатиҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки низоъ барангехта, ҷавонони содаву бегуноҳро ба доми худ кашида, барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразнокашон истифода намоянд. Аз ҷавонону наврасони дунёбехабар, ноогоҳ ва ба гирдоби онҳо афтода террористҳои нав ба нав омода намуда, муқобили Ватани аҷдодӣ хиёнаткориву хоинӣ мекнанд.
ТТЭ ҲНИ чунин иғвову дасисаҳоро тарҳрезӣ намуда, номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст кардани шуда, худро дар назди хоҷагони хориҷиашон «ширин» нишон медиҳанд.
Кабириву ҳаммаслаконаш номи миллати тоҷикро доғдор намуда, имрӯзҳо худро ҳамчун террористу хиёнаткор ва ватанфурӯш муаррифӣ намуда истодаанд.
Мо чунин амалҳои ноҷавонмардона ва иғвоангези онҳоро сахт маҳкум намуда, намегузорем, ки монанди ҷанги шаҳрванди соли 1992, ки то ҳол аз ёдҳо нарафтаасту 150 ҳазор нафар қурбони дасисаву иғвогарӣ шуда, беш аз 1 миллион нафар гурезаву фирорӣ гардиданд, ба Ватани аҷдодии мо нохалафе пойи номуборакашро гузорад ва нооромӣ эҷод намояд.
Дигар ба наҳзатиҳои террористу қотил касе бовар намекунад, чунки онҳо бо садҳо амалҳои нангину разилонаашон ба ҳамагон маълуманд. Албатта бузургон мегуянд, ки “Бори каҷ ба манзил намерасаду нияти бад амалӣ намешавад”!.
Кабирӣ ва наҳзатиҳои хиёнаткор! Он рӯз дур нест, ки сари худро чу гирдоб мехуред!
Р.Давлатзода-узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кушониён