ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали баргузории вохўриву суҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳо дар идораи Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар мавзўъи “Баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ”, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад, вохўрӣ баргузор гардид.
Дар вохўрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаропов Ҳомидҷон иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ, пешгирӣ аз бегонапарастию хурофотпарастӣ, ҳифзи солимии ҷомеа, ки яке аз нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад андешаронӣ карда, ҳамагонро барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳидоят намуд.
Баргузории чунин вохўриҳои судманди ҳизбӣ дар дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Шаҳритуз бо маром идома доранд.