Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Хирманҷо бо сокинону ҷавонон ва фаъолони ҳизб атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва чорабиниҳои фарњангиро бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир намуданд.
Вохӯриро мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ошимов Абдураҳим кушода, ба иштирокдорон маќсади вохўриро фањмонид.
Инчунин мавсуф дар суњбат зимнан доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» суханронӣ намуд, афзуд, ки воқеан, асли ҳамаи пешравию тараққиёт ва кафили зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Ин ҳақиқати куллро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтар мефаҳмад ва бо тамоми вуҷуди худ эҳсос мекунад.
Баъдан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдулҷаббор дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар бораи паёмаду хатарњои терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро суханронї намуда, иштирокдоронро барои њифзи сулњу салоњ, аз даст надодани њушёриву зиракии сиёсї даъват намуд.