БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба хотири тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ

ФАРХОР. Таърих собит сохтааст, ки тоҷикон аз қадим мардуми меҳнатдӯст, ҳунарманд, санъаткору бофарҳанганд ва дар пешрафти тамаддуни башарият саҳми арзанда гузоштаанд. Тоҷикон барои зиндагии шоиста дар тўли таърих пайваста талош варзида, дар мушкилтарин шароит ҳам ҳунару касбҳои фоидаовари зиёдеро мутобиқи тамоюли табиӣ ва истеъдоду лаёқат аз худ карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол додаанд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор низ дар баробари эълон гардидани соли 2018 њамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, барои ҳифзи чунин вижагии миллӣ ва рушди он дар асоси дастури мақомоти болоии ҳизб роҳу усулҳои амалисозӣ ва тадбирҳои заруриро ба нақша гирифта, дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намуда истодаанд.

Дар ин самт кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия самаранок фаъолият намуда, тибқи љадвали тасдиқшуда дар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шафтолубоғ»-и деҳаи Шафтолубоғи љамоати деҳоти Фархор аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии сокинони ин деҳа дидан намуданд.

Дар ин чорабинӣ ҳунармандони деҳа маҳсули дасти худро,  аз қабилӣ гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чодару чакандӯзиро ба намоиш гузоштанд.

Гӯшаи дигари намоишро анвои хӯрокҳои миллӣ зиннат медод.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњия  Шаҳбози Искандар ва Раҳмонов Далер дар назди ҳозирин баромад намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолият, Соли таќвияти робита бо мањал, озмунњои њизбї ва роњандозии Акчияи тарѓиботї-амалии њизбї тањти унвони “Якљоя њал мекунем!”  суханронӣ намуда, фаъолонро барои дастгирии Аксияи њизбї ва њунармандони бењтаринро барои иштирок дар озмунњои њизбї даъват карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg