![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20181017_104515.jpg?itok=aA3kfgU0)
ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Сипарони Ватан» хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода доир гардид.
Дар рафти хониши сиёси Фарҳод Обидзода атрофи дастуру супориш ва ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳмгузор будан дар тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳаргуна равияҳои тундгаро, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумњурии Тоҷикистон», пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, омода намудани ҷавонон ба зиндагонии мустақилона, донишандӯзиву аз бар намудани касбу ҳунарҳо, ихтироот андешаронӣ намуд.
Дар фарҷом иштирокдорон аз Фарҳод Обидзода ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.