Н.ХУСРАВ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи № 1”-и ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Хониши сиёсиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Алиева Сураё ифтитоҳ намуда, мақсади вохӯриро ба ҷамъомадагон фаҳмонида қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояшон таъкид менамоянд, “Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон гирем, боло бурдани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем”.
Баъдан Сураё Алиева дар бораи нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, зикр намуд, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қайд шудааст, ки бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро, аз ҷумла иқдомоти зарурӣ медонад.
Дар охир аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ба дарки ҷомеа расонидани омилҳое, ки пеши роҳи сироятшавиро мегирад ин тарзи ҳаёти солим, тарбияи фарзандон дар руҳияи ахлоқу маданияти баланд тарбия намудан мебошад.