ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохўриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохўрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин дар қисмати сиёсии вохўрӣ дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сару либоси миллӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва озмунҳои ҳизбӣ андешаронӣ карданд.
дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад кормандони ҳизбӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки занону бонувони хушзавқи деҳот, ҳунармандоне, ки беҳтарин намуди ҳунарҳои мардумиро бо шаклу услуби хоса ба намоиш гузошта буданд,барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ, дар охири соли ҷорӣ ҷамъбаст мегардад, даъват карданд.
Сокинон моҳияти озмунҳои Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳа”, “Тарроҳи беҳтарин”, “Наққоши беҳтарин” ва “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”-ро бо хушнудӣ пазируфта, барои ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷалби занону бонувони чирадасту ҳунарманди деҳот изҳори миннатдорӣ баён карданд.