ҲАМАДОНӢ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ми Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорзода бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ” дар ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии ҲХДТ ба шумор меравад ва таъмини амнияти бехатарии озуқаворӣ андешаронӣ намуд.
Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташаббусҳои неку ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” суханронӣ кара, ҷамъомадагонро барои расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат нисбат ба давлату миллат даъват намуд.
Дар охир Давлатҷон Ғаффорзодаиштирокдоронро барои дар амал татбиқ ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” раҳнамоӣ намуда, афзуд, ки он маблағҳое, ки барои ҷашну маросимҳо хароҷот мекунанд, беҳтар мешуд дар обод карданаи гӯшае, роҳу пули маҳали зист, дасти кӯмак дароз кардан ба шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа, таъмири муассисаҳои таълимӣ сарф намоянд.